Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба яку ним млрд доллар расид

Вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи беш аз яку ним миллиард доллар савдо кардааст. Ҳаҷми воридот бошад, 896,6 млн долларро ташкил додаааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138% таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 896,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146,5 млн доллар ё 19,5 фоиз афзудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё 1,9 % зиёд мебошад.
Ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз ҳисоби зиёд шудани содироти нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, либосворӣ ва маъдану консентрат афзоиш ёфтааст.
Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия тақрибан 50% афзуд
Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 164,6 млн доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 184 ҳазору 993 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 326,2 млн доллари ИМА содирот шудааст.
Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,1% боло рафтааст.
Ҳамчунин, ҳаҷми содироти семент, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба намуди аслӣ ба миқдори 86 ҳазору 980 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 365 ҳазору182 тонна семент ба маблағи 10,9 млн доллари ИМА содирот шудааст.
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3 ҳазору 212 тонна ё 3,5 фоиз таъмин гардида, 92 ҳазору 875 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори беруна бароварда шуд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи хушкмева ва пиёз хеле назаррас боқӣ монда, дар ин давра 19 ҳазору 480 тонна хушкмева ба маблағи 11,96 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 7 ҳазору 13 тонна ва ба маблағи 7,0 млн доллар зиёд мебошад.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 61 ҳазору 730 тонна пиёз ба маблағи 6,2 млн. доллар содирот карда шудааст.