ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда марги сардори шуъбаи байниминтақавии Кумита дар Кӯлоб, полковник Саидзода Абубакр Сайидро расман тасдиқ кард.
Ҳайати шахсии кумита бо аҳли хонаводаи полковники марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.
КФҲ даргузашти полковникро нобаҳангом унвон карда, гуфтааст, ки "аз марги ӯ андуҳгин ҳастанд".
"Рафтани ӯ талафоти бузургест барои идора. Вай инсони ҳақиқӣ, ҳамкори кордону дӯсти шафиқ буд. Афсари воқеъӣ, ки худро ҳамеша омодаи хидмат ба Ватан медонист, шахсияте буд барои ҳифзи Ватан чизеро дареғ намедошт", - омадааст дар номаи таъзияи КФҲ.
Сардори шуъбаи байниминтақавии Кумита дар минтақаи Кӯлоб полковник Саидзода Абубакр Сайид
© КҲФ
Саидзода дар синни 59-солагӣ рӯзи 11 июл даргузашт. КҲФ сабаби марги полковникро нагуфтааст, аммо бино бар хабарҳои расонаҳои маҳаллӣ, сарҳанг дар паи латукӯб ва фишорбаландӣ дар беморхона ҷон бохтааст.
Саидзода Абубакр Сайид 13 сентябри соли 1963 таваллуд шудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.
Аз соли 1986 то 1991 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Фаъолияти кории худро соли 1981 чун машинист-оператори дараҷаи 4 оғоз намудааст.
Баъди хатми донишоҳ ва кор дар вазифаҳои гуногун соли 2003 ба хидмат дар идораи наҷоти кишвар ҷалб шудааст.
Аз соли 2016 то охирин лаҳзаҳои умраш сарварии бахши байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
Саидзода Абубакр Сайид барои хидматҳои арзишмандаш бо чандин мукофотҳои идоравӣ ва мукофоти давлатии медали Шуҷоат сарфароз гардонда шудааст.