Ҷасади духтари 18-сола, сокини шаҳри Хоруғро аз ҳудуди Афғонистон пайдо карданд

Марҳум аз рӯзи 29 июл ба ин сӯ бедарак буд ва пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум барои пайдо кардани ӯ кумак дархост карда буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Хоруғ ҷасади духтари 18-сола, ки наздики ду ҳафта боз бедарак буд, пайдо шуд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки ба кормандони ин ниҳод иттилоъ расид, ки дар рӯбарӯ бо деҳаи Ёмҷи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон дар қаламрави Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ ҷасади зане дида мешавад.
Зимнан, ҷасадро аз он сӯи соҳил аз тариқи пули Теми шаҳри Хоруғ ба Тоҷикистон интиқол доданд.
Марҳум, сокини ҷамоати Сомоншаҳри Хоруғ буда, рӯзи 29 июни соли равон аз хона баромада, ба самти ноҳияи Роштқалъа равон шуд, вале ба ҷойе, ки бояд мерафт, нарасида нопадид гардид.
КҲФ: Ҷасади марди ношинос аз рӯди Душанбе пайдову писаре дар Рӯдакӣ ғарқ шуд
Гуфта мешавад, ҷасади ӯ ба пайвандонаш супорида шуд.
Дар идома КҲФ аз пайдо кардани ду ҷасади дигр аз рӯду каналҳо ҷумҳурӣ хабар дод. Аз ҷумла дар қаламрави ҷамоати Сарикиштӣ ҷасади як сокини 22-солаи пойтахт аз об пайдо карданд ва ӯро ба мақомоти дахлдор супориданд.
Дар ноҳияи Шаҳринав як сокини шастсолаи ҷамоати Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав бо сабабҳои номаълум дар канали деҳаи Чузӣ ғарқ шуд. Кумита мегӯяд, ҷасади ӯро низ аз об берун оварданду ба кормандони милитсия супориданд.