ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои содироти нерӯи барқ ёддошти тафоҳум имзо кардааст.
Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, афзуд, ки дар доираи ин ёддошт ҳаҷм ва тафсилоти дигар минбаъд мушаххас шудааст.
Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон азм дорад, содироти нерӯи барқро то соли 2030 ба 10 млрд кВт/соат расонад ва пайваста барои пайдо кардани бозор чорачӯиҳо сурат гирифта истодааст.
Ба гуфтаи Шоимзода, вақте бозор асту харидор таваҷҷуҳ дорад, шарикон низ бештар барои сармоягузорӣ моил мешаванд.
Дар мавриди сармоягузор муовини аввали вазир илова намуд, ки феълан гуфтушунид бо шарикони рушд идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир созиши мушаххасе дар ин бора ҳосил нашудааст, гуфтушунид идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои шиносоӣ бо сохтмони нерӯгоҳи барқи "Роғун" ба майдони сохтмони он рафтааст.
Раисҷумҳур дар суҳбат бо масъулин таъкид намуд, ки неругоҳи барқи обии "Роғун" иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва ҳукумат дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ дорад, таъкид кардааст Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар баробари ҷустуҷӯи сармоягузор ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат ҳамасола маблағи муайянро ба сохтмони нерӯгоҳ равона мекунад.