Истихроҷи гази табиӣ дар кишвар коҳиш ёфт

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар баробари афзоиши истихроҷи нафт дар кишвар истихроҷи гази табиӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки дар нисмолаи якуми соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷи гази табиӣ ҳамагӣ 304, ҳазор мукаабро ташкил додааст, ки ин нисбати нақша 99 ҳазор метри мукааб кам мебошад.
Ҳамзамон муовини якуми вазир хабар дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истихроҷи гази табииӣ 80 ҳазор метри мукааб камтар шудааст.
“Иҷориши нақша 75,4 дарсад ва суръати афзоиш 79,2 дарсадро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додааст вазорати энергетика.
Тоҷикистону Туркманистон дар бахши коркарди нафту истихроҷи газ ҳамкорӣ мекунанд
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 истихроҷи нафт дар кишвар ҳамагӣ 12566,5 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 163,5 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 103,2 дарсадро ташкил медиҳад.
“Ба ҳисоби молӣ бошад, ба маблағи 25481,4 ҳазор сомонӣ нафт истихроҷ шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3903,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 147,2%-ро ташкил медиҳад, ки сабаби он болоравии нархи маводи сӯхт ба ҳисоб меравад”, - зикр кардаанд Ҷамшед Шоимзода.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон нафту газро асосан аз кишварҳои хориҷ ворид мекунад. Кишварҳои асосие, ки Тоҷикистон аз онҳо нафту газ ворид мекунад Русия, Туркманистон ва Қазоқистон мебошанд.