ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои баргузории бозиҳои дӯстона ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Манобеи "Варзиш" хабар медиҳад, ки футболбозони тоҷик субҳи 11 июл тариқи транзити Дубай ба шаҳри Абҳа парвоз карданд. Дар ин шаҳр ду бозии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамсолони онҳо аз Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев барои ин бозиҳо 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Бозӣ миёни футболбозони тоҷику араб рӯзҳои 14 ва 16 июл доир мешаванд.
Бояд гуфт, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҷуз аз бозиҳои дӯстона бо тими Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дар қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ низ итирок мекунанд. Ин бозиҳо аз 3 то 12 август дар шаҳри Душанбе баргзор мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи "I" шомил аст.
"Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои миллии Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд", - мегӯяд ФФТ.
Гуфта мешавад, бозиҳои интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.