ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳамаи сокинони Украина ҳуқуқ пайдо карданд, ки бо тариқи низоми содакардашуда шаҳрвандии Русияро гиранд.
Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имзо карда, матни он аллакай дар пойгоҳи хабарии маълумоти ҳуқуқӣ нашр гардидаст.
Таъкид шудааст, шаҳрвандони Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва ё афроди бешаҳрвандие, ки доимӣ дар қаламрави кишварҳои зикршуда иқомат доранд, метавонанд сода шаҳрвандии Русияро гирианд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз ин имкон сокинони Луганску Донетск ва вилоятҳои Запорожу Херсон бархӯрдор будаанд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Украина пешсафанд.
Тибқи иттилои мақомоти умури дохилии Русия, тайи се моҳи аввали соли равон наздики 55 ҳазор украинӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Дар маҷмуъ дар се моҳи соли ҷорӣ 141 663 ҳазор нафар шаҳрванди Русия гаштаанд.
Дар ин миён тайи моҳҳои январ-марти соли равон низ 33 ҳазору 84 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ҳамчунин 5028 қирғизистонӣ ва 6509 ӯзбекистонӣ дар 3 моҳ табааи Русияро қабул кардаанд.