Афзоиши қурби рубл ва коҳиши доллару евро дар бозори асъор

Қурби рубл баъди коҳиш дар рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид нисбат ба доллар ва евро рӯй ба устуворӣ ниҳодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Қурби рубл дар биржаи Маскав баъди зуҳр устуворшавиро идома дода, аз нишондоди 60 сари ҳар доллар камтар шудааст.
Бар асоси додаҳои биржаи Маскав, ки РИА "Новости" овардааст, қурби як доллар дар бозори асъор ба 59,9 рубл расидааст. Евро низ каме арзон шуда, ба 59,9 рубл баробар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.
Дигарбора рӯй ба устуворӣ ниҳодани рубл дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Пешбинии иқтисоддонҳо дар бораи гароншавии доллар
Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод. Феълан арзиши рубл дар баробари доллар ва евро майли поинравӣ дорад.