NYT: Сафири украинӣ дар Олмон барои таърифи Бандера аз мақом озод шуд

Сафири барканоршудаи Украина дар яке аз суҳбатҳои охираш аз аъмоли Степан Бандера, ки аз шарикони Рейхи сеюм ба шумор меравад, таъриф кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Президенти Украина, Владимир Зеленский сафири кишвараш дар Берлин, Андрей Мелникро баъди таърифаш аз Степан Бандера барканор кардааст, хабар дод "New York Times".
Ба иттилои манбаъ, дипломат 29 июн дар яке аз мусоҳибаҳояш аз роҳбари Созмони миллатгароҳои Украина* таъриф кардаст, ки аъзои он баъди ғасби қаламрави ин кишвар аз сӯи нозиҳои Олмон дар қатли омми яҳудиҳо ва лаҳистониҳо ширкат кардаанд.
Таъкид шудааст, ки Олмони муосир аъмоли нозиҳоро маҳкум мекунаду хотири қурбониёни ҳолокостро пос медорад. Ба навиштаи РИА "Новости" талоши дипломати украинӣ барои сафед кардани ҳамкори нозиҳо - Бандера ҳадди ниҳоӣ барои ҳукумати Олмон шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин бовар дорад, ки вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи осоишта ҳал кард
Ахиран фармони Зеленский дар мавриди аз мақоми сафир дар Олмон озод кардани Мелник нашр шуд. Дар мавриди барканории сафир ва эҳтимоли таъйинаш ба мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Украина қаблан нашрияи "Bild" бо такя ба манобеяш дар Киев хабар дода буд.
Мақола дар пасманзари изҳороти зиёди баҳсбарангези Мелник нашр шуд. Аз ҷумла ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигори олмонӣ Бандераро, ки ҳамкори гитлерчиён ба шумор меравад, муборизи роҳи озодӣ хонд.
Қатли зиёди лаҳистониҳо аз ҷониби миллатгароҳои украинӣ дар Волина ва Галитсияро Мелник ба он тавзеҳ додаст, ки аз ҷониби дигар низ куштору ваҳшоният зиёд буд.
*-созмони экстремистии фаъолияташ мамнуъ дар Русия