ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳавои абрнок, ки аз пеш аз зуҳр осмони Маскавро фаро мегирад, зудгузар мебошад, изҳор доштааст масъули маркази ҳавошиносии "Фобос", Евгений Тишковетс, дар суҳбат бо РИА "Новости".
Вай изҳор доштааст, ки дар пойтахти Русия ҳамчунин борони кӯтоҳмуддат мебошад. Ҳарорати ҳаво гарм шуда, то ба 30 дараҷа мерасад, афзудааст Тишковетс.
Вай тавзеҳ додадаст, ки вазъи обуҳаво дар Маскавро сиклони гарм аз самти ғарб муайян мекунад.
"Зери таъсири қисмати гарми сиклони ғарбӣ эҳтимолияти боронҳо ва раъду барқ дар пасманзари ҳавои аз меъёр 5-6 дараҷа гарм дар назар аст", - илова намудааст ӯ.
Ба гуфтаи Тишковетс ҳарорати ҳаво дар Маскав аз 28 то 30 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Маскав аз 25 то 30 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Ҳавошинос илова намудааст, ки шамол дар Маскав аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4 - 9 метр дар як сония мевазад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ҳаво гарму бебориш пешгӯӣ шудааст. Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ мегӯяд, дар баъзе минтақаҳо ҳамоно пур аз чангу ғубор хоҳад буд. Дар ҷануби кишвар гармии ҳаво аз 40 дараҷа болотар ст. Дар вилояти Суғд шамоли сахт хоҳад шуд.