Киҳо номзадияшонро ба мақоми сарвазири Бритониё пешниҳод карданд?

Вазири хурди умури сиёсати тиҷории Бритониёи Кабир ва вазири мудофиаи собиқи ин кишвар, ки нахустин зан дар ин вазифа буд, довталаби мақоми сарвазирӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Пенни Мардонт, вазири хурди умури сиёсати хориҷии Бритониё номзадияшро ба вазифаи сарвазирии ин кишвар пешниҳод кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои ин манбаъ, Мардонт соли 2019-ум нахустин зан дар таърихи шоҳигарии Бритониё шуд, ки мақоми вазири мудофиаро гирифта буд. Вай дар ин вазифа қариб 3 моҳ кор кард.
Вай аллакай барномаи пешазинтихобии худро ба мақоми сарвазир пешниҳод омма кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол ҳамчунин номзадияшонро ба роҳбарии ҳукумати Бритониё собиқ вазири молияи ин кишвар, Риши Сунак, вазири нақлиёт, Грант Шаппс, вазири феълии молия Надим Захавӣ, собиқ вазири умумри хориҷӣ, Ҷереми Хант ва вазири пешини тандурустӣ, Саҷид Ҷовид пешниҳод намудаанд.
Борис Ҷонсон шояд пас аз истеъфо сиёсатро канор гузорад
Маврид ба зикр аст, ки Борис Ҷонсон соли 2019 Тереза ​​Мэйро дар мақоми нахуствазир иваз карда, 7 июли сори равон истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё эълон кард.
Вай то интихоб шудани роҳбари нав дар ҳизб мемонад ва ҳамчунин вазифаи сардори ҳукуматро идома медиҳад.
Нобоварӣ ба Ҷонсон дар пасманзари хабарҳо атрофи рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Бритониё дар бахши Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз марказҳои дилхушии Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд.
Ҷонсон баъдан ин корашро иштибоҳ хонду узр хост, аммо даҳҳо сиёсатмадор бо нишони эътироз аз мақомашон истеъфо доданд.