Иқтисодшинос: Вақте ҳама чиз арзон мешавад, зарар дорад

Коршинос барои кори муътадили иқтисод риояи тавозунро миёни содироту воридот муҳим хонд, то сифати маҳсулот поин нараваду талабот ҳифз шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дефлятсия ё худ поинравии нархи молу хизматрасонӣ дар баробари ҷанбаҳои мусбати маълум, инчунин паҳлуҳои манфиро низ дорад, ки на ҳама дарк мекунанд, гуфт иқтисодшинос, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Михаил Хачатурян.
Ӯ дар суҳбат бо "Прайм", гуфт, вақте ҳама чиз арзон мешавад, содирот зиёд мегардаду воридот кам.
"Нопадидшавии маҳсулоти воридотӣ шароити гармхонаӣ барои соҳибкориро ба вуҷуд меорад, ки рақобатро коҳиш медиҳад. Дар натиҷа сифати маҳсулот поин меравад, истеъмол коҳиш меёбад", - тавзеҳ дод коршинос.
Коршинос гуфт, кадом омил метавонад долларро то 80 рубл бирасонад
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа шароити хос барои солҳои охири замони шӯравӣ пайдо мегардад, ки корхонаҳо кор мекарданд, маҳсулотро тавлид менамуданд, аммо талабот ба он набуд. Дар зимн мизоҷон барои маҳсулоти воридотӣ навбат мепоиданд, зикр намуд ӯ.
Ҷанбаи дигари арзонишавии молу хизматрасониҳо - дефлятсия, ин поин рафтани рақобат миёни содиркунандагони мол мешавад, ки дар натиҷаи сифати моли онҳо поин меравад.
Хачатурян таъкид намуд, ки дар пайи поинравии сифати маҳсулот талабот ба он низ кам мешавад.
Дар зимн роҳи ҳал дар чунин ҳолатҳо риояи тавоозун арзёбӣ мешавад. Хачатурян зарур хонд, ки тавозун миёни содирот ва воридот нигоҳ дошта шаваду ба пешоҳангии яке аз ин бахшҳо роҳ дода нашавад.