Ҳимояи СММ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон

Дар СММ вазъеро, ки занони Афғонистон пас аз тасарруфи қудрат дар ин кишвар аз сӯйи толибҳо гирифтори он шудаанд, мояи нигаронӣ хонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тарҳи қатъномаеро қабул кард, ки дар он нақзи ҳуқуқи занону духтарони афғон аз сӯи толибҳо маҳкум карда мешавад.
Дар ин бора созмон дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, зикр шудаст, ки санади мазкур дар анҷоми ҷаласаи 50-уми Шӯрои ҳуқуқи башар қабул карда шудааст.
Дар тарҳи санади Шӯро аз толибҳо хоста шудааст, ки маҳдудсозиҳоро дар мавриди ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон хотима бахшанд.
"Аз моҳи августи соли 2021 вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон бахусус дар робита ба занон ба таври ҷиддӣ бадтар шудааст", - изҳор дошт Ватслав Балек, намояндаи Чехия дар СММ.
Толибон: Унвони “муттаҳиди аслии ғайри НАТО” ба Афғонистон манфиате надошт
Таъкид шудааст, ки тарҳи қарорро даҳҳо кишвар ҷонибдорӣ кардаанд, аммо мушаххас аз давлатҳо ном бурда нашудаст.
Тарҳи қатъномаро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ворид мекунанд, ки тирамоҳи соли равон дар назар аст. Дар он фаъолони ҳуқуқи занони афғон ширкат хоҳанд кард.
Пас аз он ки толибҳо қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, нисбати занону духтарон қоидаҳои бештар маҳдудкунанда дар кишвар ҷорӣ карда шуд. Иқдоми худро толибҳо ба зарурати фароҳам овардани фазои мусоиду мувофиқи исломӣ рабт медиҳанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои алоҳида аз шартҳои эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистонро ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гуруҳҳои сиёсию этникӣ ва риоияи ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар бахши кору таҳсили занон ном мебаранд.