ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбандаи бебориш арзӯбӣ намуд Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 32-37 дараҷа гармхоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18-20 дараҷа ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад.