Футболбозони тоҷик дар Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинад ва феълан футболбозони тоҷик дар Арабистони Саудӣ ба тамрин машғуланд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2023 бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозиҳо анҷом медиҳанд.
Бар хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозиҳо дӯстона буда, рӯзҳои 14 ва 16 июл дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ сурат мегиранд.
Манбаъ меафзояд, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҷуз аз бозиҳои дӯстона бо тими Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дар қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ низ итирок мекунанд. Ин бозиҳо аз 3 то 12 август дар шаҳри Душанбе баргзор мегарданд.
Ҷашнвораи футбол дар Душанбе - гузориши аксӣ
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи "I" шомил аст.
"Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои миллии Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд", - мегӯяд ФФТ.
Гуфта мешавад, бозиҳои интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Манбаъ меафзояд, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар ҷойи дуюм қарор гирифта ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.