ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар суҳбат бо раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский, ҳамтои олмонии ӯ Франк-Валтер Штайнмайер дар бораи лағви сафари ӯ ба Киев шарҳ талаб кард, менависад Spiegel бо такя ба манобеъи ҳарду пойтахт.
Нашрия қайд мекунад, ки дарҳол пас аз ҳодисаи ҷанҷолӣ Берлин тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то вазъро ҳал кунад ва дар ниҳоят ба гуфтугӯи телефонии Штайнмайер ва Зеленский мувофиқат кард.
"Баъдтар расман эълон шуд, ки табодули афкор барои президентҳо "хеле муҳим" буд. Штайнмайер бо Зеленский ҳамраъйӣ кард ва барои боздид аз Киев даъватнома гирифт. Чунин ба назар мерасид, ки низоъ ба охир расидааст. Эҳтимол, як занги телефонӣ метавонад ба як ҷанҷоли дигар оварда расонад, аммо ин дафъа аз -барои Штайнмайер", - бовар дорад муаллифи мақола.
Ба навиштаи нашрия, Зеленский нахуст аз лағви сафар изҳори таассуф карда, ин ҳодисаро "нофаҳмии бузург" номид ва сипас Штайнмайерро даъват кард, ки рӯзи 8 май ба Киев биёяд.
Аммо ин рӯз барои президенти Олмон номувофиқ буд. Вай талаб кард, ки Зеленский пеш аз ба нақша гирифтани сафари навбатиаш аввал масъалаи лағви сафари охиринашро баррасӣ кунад.
Дар мавод таъкид мешавад, ки ин ҳодиса як таҳқири таърихӣ ва нақзи ғайриқобили қабули қоидаҳои дипломатӣ алайҳи сарвари давлат буд ва ба ҳамин далел раиси ҷумҳури Олмон аз ҳамтои украинии худ тавзеҳот талаб кардааст.
"Вақте Зеленский изҳор дошт, ки дар бораи ин ҳодиса чизе намедонад, Штайнмайер хашмгин шудааст. Ӯ ҳама мукотибаҳоро дар пеши чашмаш дошт: "Лутфан, маро ва худатонро аз хондани ин ҳама ҳоло наҷот диҳед". Вақте Зеленский мехост мавзуъро ба дигар тараф кашад, президенти Олмон бори саввум ин суолро ироа кард, ки дар натиҷа як вокуниши шикаста гирифт. Штанмайер дигар гуфт: "Хуб, биёед мавзӯъро дигар кунем".
Ҳамсуҳбатони ин нашрия дар маъмурияти президенти Олмон гуфтанд, ки онҳо аз пофишории маъмулан шахси ороме чун Штайнмайер, ки бо он ба Зеленский мухолифат мекард, ҳайрон шуданд.
Кормандони дастгоҳ таъкид карданд, ки аз аксуламали пешвои худ, ки муносибати таҳқиромезонаи Киевро тоқат накардааст, ифтихор доранд.
Штайнмайер қасд дошт моҳи апрел ҳамроҳ бо раҳбарони чанд кишвари Аврупои Шарқӣ аз Украина дидан кунад, аммо Киев сафари ӯро номатлуб хонд.
Мақомот раддияро бо он шарҳ доданд, ки онҳо аз Берлин тасмимҳои мушаххас дар бораи эмбаргои интиқоли нафт аз Русия ва ҳамчунин дар бораи расонидани кумаки низомиву иқтисодӣ ба Украина, бахусус, таъмини силоҳи сангинро интизоранд.
Лағви ин сафар боиси ташаннуҷ дар равобити ду кишвар шуд, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, ки қасди сафар ба Киевро надорад.
Ин ташаннуҷ дар суҳбати телефонии Шолтс ва Зеленский ҳал карда шуд, ки баъд аз он баъзе сиёсатмадорони олмонӣ, аз ҷумла канслер, рӯзи 16 июн ҳамроҳ бо сарони Фаронса ва Италия ба Киев омаданд.