ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Сокинони Тоҷикистонро аз ҳавои номусоид дар рӯзҳои истироҳат ҳушдор додаанд. Кормандони Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба аҳолӣ муроҷиат карданд.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, аз 8 то 10 июл дар бархе аз манотиқи кишвар туман боқӣ мемонад. Чунин падидаи атмосфера дар давоми як ҳафтаи пас аз фаромадани тӯфони ғуборӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Вақте ки ҳаво абрнок аст, зарраҳои хурд ё сахти чанг ё ғубор ҷамъ мешаванд. Ҳавои ифлос боиси бад шудани саломатӣ мегардад.
Туман метавонад боиси сироятёбии пӯст ва чашм, ба бемориҳо гардад. Ин падида мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили астма, трахеит, пневмония,аллергия, силикоз ва бемориҳои дилу рагро ба вуҷуд меорад.
Аз ин рӯ, коршиносон ҳангоми баромадан аз хона маслиҳат медиҳанд, ки ниқоб пӯшед, мунтазам хонаро бо латтаи тар тоза кунед, оби фаровон нӯшанд ва зуд-зуд ҳаммом кунед.
Обуҳавошиносон ба ҷуз аз туман дигар падидаҳои хатарноки табииро дар Иди Қурбон пешгӯӣ мекунанд.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи вилояти Суғд, тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби ВМКБ омадани сел, аз ҷумла пиряхҳо эҳтимол дорад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки аз рафтан ба ҳезум, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш худдорӣ кунанд.
КҲФ ба ронандагон тавсия додааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, суръати ҳаракатро зиёд накунанд ва дар сурати имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок комилан худдорӣ кунанд.
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу сангу шағал тоза кунанд.