Моякӯбии беш аз 5,2 миллион нафар аз ҷамъият алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 7 июли соли равон беш аз 5,2 миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи коронавирус ё COVID-19 моякӯбӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. То субҳи 7 июли соли 2022 дар Тоҷикистон 5 миллиону 264 ҳазору 870 нафар шаҳрвандони кишвар бар зидди COVID-19 моякӯбӣ шудаанд, ки 94,1 дарсади аҳолии калонсоли ҷумҳурӣро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст вазорати тандурустии кишвар.
Қайд карда шудааст, ки то санаи зикршуда 5 миллиону 161 ҳазору 295 нафар шаҳрвандони кишвар (92,2%) вояи дуюми ваксина гирифтанд. Вояи сеюмро 175 ҳазору 138 нафар шаҳрвандон (74,6%) гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин афроди мубтало ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 ошкор шуда буд. Моякӯбии ҳатмӣ ва ройгон дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло аз 3 июли соли 2021 оғоз гардид.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус боз дар ду кишвари Осиёи Марказӣ авҷ гирифтааст
Ба сокинон панҷ намуди ваксина CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва “Спутник V” дастрас буд.
Охирин бор дар Тоҷикистон 18 феврали соли равон ҳодисаҳои сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд.
Тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзур намудани вазъи эпидемиологӣ аз 7 марти соли 2022 режим пӯшидани ниқоб ва маҳдудият дар баргузории тӯй ва ҷашнҳои гуногун бекор карда шуд. Дар баробари ин, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки “тадбирҳои пешгирикунанда ва зидди эпидемиологиро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус то ҳол нобуд нашудааст.
Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳоло Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ дар мавриди пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи телефони 511 амал мекунад.