Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Коронавирус дар авҷ аст: дар Алмаато ба мавҷи нави пандемия омода мешаванд

Теъдоди бештари гирифторони коронавирус дар вилоятҳои Олмалӣ, Алатау, Бостандик ва Медеуи ин кишвар ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Алмаато 23 дармонгоҳ бо иқтидори 7,000 кат, аз ҷумла 250 шӯъбаи эҳёгарӣ барои пешгирӣ аз мавҷи нави пандемия омода карда шудааст.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба Комиссияи байниидоравии пешгирии коронавирус дар ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муовини нахуствазир Ёралӣ Туғҷонов бо як сафари корӣ ба Алмаато омад, то вазъи кунунии эпидемиологӣ ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19-ро баррасӣ кунад.
Якҷоя бо роҳбарияти шаҳр бо ширкати зиёда аз 70 нафар сардухтури беморхонаҳо ва поликлиникаҳои шаҳр тавассути видеоконфронс ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Туғҷонов таваҷҷуҳро ба афзоиши теъдоди беморон дар шаҳр ҷалб кардааст. Ӯ аз ташкили эмгузаронй ва реваксинзанӣ, тайёр будани мақомоти нигаҳдории тандурустии шаҳр ба афзоиши минбаъдаи ин беморӣ гуфтааст.
"Вазифаҳое, ки имрӯз ба миён гузошта шуданд, аз шумо хоҳиш менамоям, ки якҷоя бо сардухтури давлатии санитарии шаҳр таҳлил карда, ҷиҳати пешгирӣ ва паҳн нашудани сирояти коронавирус чораҳои зарурӣ андешад", - гуфтааст муовини сарвазир.
Ёдовар мешавем, ки аз лиҳози паҳншавии сирояти коронавирус Алмаато дар минтақаи "зард" қарор дорад. Табибон сабаби афзоиш ва сарчашмаҳои сироятро боздид аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, тамос дар хона, нақлиёти ҷамъиятӣ, дар ҷои кор ва инчунин коҳиши мизони эмкунӣ ва реваксинзанӣ медонанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус боз дар ду кишвари Осиёи Марказӣ авҷ гирифтааст
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон теъдоди гирифторони коронавирус дубора афзудааст.
Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон давоми 24 соати ахир беш аз 90 ҳолати нави гирифторшавии сокинон ба қайд гирифта шуд.
Дар Қазоқистон бошад ин нишондод беш аз 325 нафарро ташкил медиҳад.