ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар вилояти Норин баҳси замин ба муноқиша байни сокинони деҳа печид, шаш нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Норин хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар деҳаи Хутор Ак-Талаа рух додааст.
Тақрибан 40 нафар дар назди манзили сокини маҳаллӣ К.Б ба далели баҳси тӯлонӣ бар сари замин ҷамъ омадаанд.
"Вазъият тезутунд шуда, ба задухӯрд мубаддал шуд. Онҳое, ки ҷамъ омада буданд, дару тирезаҳои хонаи К.Б.-ро бо санг шикаста, мошини "Subaru Outback"-ро, ки дар назди дарвоза истода буд, оташ заданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, соҳиби хона ба сӯи издиҳом аз силоҳи оташфишон тирпарронӣ кардааст.
"Дар натиҷа, шаш нафар маҷрӯҳ шуданд", - гуфтдар дар шӯъбаи пулис.
Манбаъ афзуда, ки се ҷабрдида дар бемористони вилояти Норин ҷарроҳии таъҷилӣ карда шуданд.
Вазорати умури дохилаи вилояти Норин мегӯяд, аз рӯи ин қазия, тафтишот идома дорад.