Толибон силоҳе ёфтаанд, ки аз он ҷониби Ӯзбекистон тир холӣ шудааст: акс

Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳодисаи ахир дар марзро таҳқиқ мекунанд: толибон мошинеро пайдо карданд, ки ҳамлагарон аз он тир холӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Толибон як силоҳи гулӯлаандозеро пайдо карданд, ки ҳамлагарон аз он ба марзи Ӯзбекистон тир холӣ карданд.
Дар акс дида мешавад, ки дастгоҳ дар паси мошини хурди боркаши сабзавот насб шудааст. Ҷойгиршавии мошин ва ҷузъиёти дигар гуфта нашудааст.
Қаблан як манбаъ дар пулиси вилояти Балхи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки зарба аз ноҳияи Ҷартани деҳаи Токайи ноҳияи Шӯртеппа анҷом шудааст.
Дар баробари ин ӯ дар бораи машинае, ки аз он гулӯлаҳо парронда шуд, низ сухан ронд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз ҳамлаи мушакӣ ба марзи ин ҷумҳурӣ расман хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ки гулӯлаҳо тахминан аз ҷониби Афғонистон ворид шудаанд.
Дар пайи ин ҳодиса ба чаҳор манзили маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз хисорот ворид шуда, яке аз тирҳо ба майдони футболи ҳамин маҳалла низ бархӯрда, хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Дар маҷмӯъ, аз Афғонистон 5 гулӯла партоб шудааст, ҳарчанд намояндагони толибон 8 мушакро тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, муҳимоти ҷангӣ ба қаламрави ҳарду ҷумҳурӣ расидааст.
Гуфта мешавад, ки гулӯлаҳо таркишро ба вуҷуд наовардаанд ва онҳо фавран аз ҷониби мақомоти марбута безарар гардонида шуд.
Ба иттилои манобеъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо ҷониби Афғонистон барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфт, ки омилони ин ҳодиса талош доранд, миёни Ӯзекистон ва Афғонистони дӯст фазои нобоварӣ эҷод кунанд.