ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти Абдулғаффор Раҳмонзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат баргузор гардид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин тақвияти ҳамкорӣ дар самти танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ ҳамкориро тақвият хоҳанд дод.
Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат дар самти таҳлил ва дурнамосозии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсули Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҳайати баландпояи вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон вориди Душанбе шуданду бо мақомоти кишвар самти ҳамкорӣ дар бахши шуғл ва бозори меҳнатро баррасӣ карданд.