27 ҳазор нафар дар натиҷаи ҷанги Балхоб овора шудаанд

Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ гуфтааст, ки 27 ҳазор нафар дар натиҷаи даргириҳо дар вулусволии Балхоби Сарипул овора шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ ахиран бо нашри хабарномае дар сафҳаи твиттерии худ гуфтааст, ки ин теъдод аз ғайринизомиён ба вилоятҳои шимолӣ ва вилоятҳои марказӣ аз ҷумла Бомиён паноҳ бардаанд.
Ин ниҳоди СММ таъкид кардааст, ки тимҳои ин ниҳод дар Балхоб дар садади тадоруки кумак ба даҳ ҳазор нафар ва дар Бомиён ба 6 ҳазор нафар ҳастанд.
Дар ҷараёни лашкаркашии толибон ба Балхоб барои саркуби мавлави Маҳдӣ аз фармондиҳони норозии толибон, ғайринизомиёни бештарин осебро мутақобил шуданд.
Ёдовар мекунем, ки пас аз он ки фармондиҳ Маҳдӣ, фармондиҳи пешини гурӯҳи толибон бо ин гурӯҳи мухолифатро оғоз кард, гуруҳи толибон бо як лашкар беш аз ҳашт ҳазор нафарӣ болои ин вулусволии юриши барда ва беш аз панҷоҳ ғайринизомиро тирборон ва сар буриданд.
Раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.