Ҷӯробҳои тоҷикӣ дар Русия бозоргир шуданд

Ҷӯробҳои тоҷикӣ, ки ба бозорҳои Русия роҳ ёфтаанд, дар корхонаи шаҳри Бохтар истеҳсол мешаванд. Ин корхонаро ҳанӯз соли 2021 роҳбари давлат ифтитоҳ карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҷӯробҳои истеҳсоли корхонаи истеҳсолии "Сомони Расул" -и шаҳри Бохтар бори нахуст ба Русия содирот гардид.
Агентии "Ховар" бо истинод ба роҳбари корхона, Расул Соҳибназаров хабар медиҳад, ки корхона талаботи дохилиро қонеъ намуда, ҳоло рӯ ба бозорҳои ҷаҳон ниҳодааст.
Манбаъ меафзояд, корхонаи мазкур соли 2021 дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз сӯи роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Хуҷанд тамоми Осиёи Марказиро бо халта таъмин мекунад
Таҷҳизот ва дастгоҳҳои корхона, ки беш аз 20 ададро ташкил медиҳанд, истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва Чехия мебошанд. Иқтидори корхона истеҳсоли 1 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, алҳол дар корхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аксарияташонро занону духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.
Роҳбари корхона изҳор доштааст, ки маҳсулоти хомро дар корхонаҳои давлатии "Ҷунтай Данғара" ва "Ваҳдат текстил" дастрас мекунад ва риштаи рангаро то марҳилаи ниҳоӣ коркард карда аз он ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсолкарда мешавад.
Боздид аз Данғара: Раҳмон аз маҷмуаи нодири нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дидан кард
Феълан дар ин корхона 20 намуд ҷӯробҳои занона, мардона ва кӯдакона ба роҳ монда шудаааст. Маҳсулоти корхона асосан ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба муштариён пешниҳод карда мешавад.