ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" баргузор карда шавад.
Дар ин бора амри раисҷумҳури кишвар содир шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, "Китобхонаи миллӣ"-и барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, ба раҳбарони вилояту ва шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмунро, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
Вазорати молияи кишвар бошад, муваззаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба дастгоҳи иҷроияи ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1миллиону 480 ҳазор сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
Истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошуда ва пешниҳоди ҳисобот ба Вазорати молия ба зимаи дастгоҳи иҷроия гузошта шудааст.
Ин амри раисҷумҳури кишварро Қоҳир Расулзода назорат мекунад.