Тоҷикистон назорати беҳдоштиро дар марз пурзӯр кард

Далели нисбатан пурзӯр шудани назорати санитарию эпидемиологӣ дар марзи Тоҷикистон афзоиши гирифторони коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя арзёбӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар нуқтаҳои санитарию эпидемиологии Тоҷикистон назорати шаҳрвандоне, ки вориди кишвар мегарданд, пурзӯртар карда шудааст.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Вай таъкид намуд, дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд. Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт.
Дар зимн ҳич маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.
СҶБ аз хавфи баланди роҳ ёфтани обилаи маймун ба Русия ҳушдор дод
Ба гуфтаи мақомдори бахши тандурустии Тоҷикистон, гузориш дар мавриди вазъ ба ҳукумат ва Ситоди ҷумҳуриявӣ мубориза бо коронавирус ироа шуда ва дар сурати судури дастуроти иловагӣ он пешниҳоди омма хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, мақомоти тандурустии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иттилоъ доданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар қаламравҳояшон афзоиш ёфтааст.
Бар асоси омори ҷаҳонӣ низ, гирифторӣ ба коронавирус дар моҳи июн ба 17,3 миллион ҳолат расидааст, ки нисбати нишондоди моҳи май ҳудуди 15% зиёд мебошад. Дар маҷмуъ шумораи онҳое, ки гирифтори коронавирус шудаанд, беш аз 550 млн нафар арзёбӣ мегардад.