ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Равшан Аббясов, муовини раиси Раёсати руҳониёни Русия ва Шӯрои муфтиёти Русия гуфт, ки мусулмонон дар рӯзҳои Иди Қурбон ва Ҳаҷ барои сулҳу оромӣ, инчунин барои сиҳату саломат баргаштани муҳофизони Ватан ба хона ва иҷрои ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина дуо хоҳанд кард.
"Аллоҳ ҳама дуоҳо ва ҳаҷҷи ҳамаи ҳоҷиёни Русияро қабул гардонад, то онҳо сиҳату саломат баргарданду тамоми фаризаҳои ҳаҷро ба ҷо биёранд, ҳамчунин дар кишвари мо сулҳ, ваҳдат пойдор бошаду ҳамаи ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ амалӣ шаванд. Ҳамчунин хостори онем, ки ҳама ба Ватан, ба назди хонаводаашон сиҳату саломат баргарданд. Ба ҳамин хотир дар рӯз ид мо барои сулҳу оромӣ, ризоят ва шукуфоӣ дуо мекунем”, - гуфт ӯ дар ҷараёни конфронси видеоӣ миёни Маскаву Макка дар маркази байналмилалии чандрасонаии "Россия сегодня".
Ҳаҷи мусалмонон ба Макка, аз 7 то 12 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад. Бар асоси тасмими мақомоти Арабистони Саудӣ, фаризаи ҳаҷро афроди на бештар аз 65-сола анҷом дода метавонанд.
Аз январи соли 2022 Арабистони Саудӣ моякӯбӣ шудан бо ваксинаи сохти Русия “Sputnik V”-ро эътироф кардааст, ки ҳоҷиён бояд бо он моякӯбӣ шуда бошанд ва бо худ бояд варақаи ПСР-тестӣ манфӣ дошта бошанд.
Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Санаи ҷашн ҳамасола тағйир меёбад, имсол Иди Қурбон 9 июл оғоз мешавад.