ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бетартибиҳо дар Нуқус дар як рӯз ташкил карда нашуданд, балки барои ин кор солҳо омодагӣ дида мешуд. Дар ин бора бора кишвардори Ӯзбекистон рӯзи 6 июл дар як нишаст хабар дод ва сухангӯи президент, Шерзод Асадов ҳарфҳои Мирзиёевро расонаӣ кард.
"Албатта, ин рӯйдодҳо дар як рӯз ё даҳ рӯз ташкил нашудаанд. Ин амалҳоро нерӯҳои хориҷӣ солҳо боз омода карда буданд. Ҳадафи аслии онҳо суиқасд ба тамомияти арзии Ӯзбакистон ва эҷоди низоъи байнимиллӣ аст", - навиштааст хадамоти матбуотӣ.
Мирзиёев супориш додааст, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилон ва фаъолони шаҳрвандӣ ҷалб карда шаванд.
Президент талаб намуд, ки амалҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бодиққат таҳлил карда шавад.
"Агар онҳо қувваи ғайриқонунӣ истифода карда бошанд, онҳо бояд тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - афзудааст президент.
Илова бар ин, Шавкат Мирзиёев ба хонаводаҳои шаҳрвандоне, ки бар асари ошӯбҳо ҳалок шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Ба хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, таслияти самимӣ баён мекунам. Ба бемороне, ки дар бемористонҳо табобат мегиранд, ҳарчи зудтар шифои комил таманно дорам. Дар чунин лаҳзаҳо мо қавитар эҳсос мекунем, ки сулҳу зиндагии инсон то чӣ андоза арзишманд аст, он то чӣ андоза муҳим аст. ки онҳоро ҳифз кунем ва барои ин ҳама масъулият дорем”, - таъкид кард Мирзиёев.
Ёдовар мешавем, ки дар ошӯбҳои шаҳри Нуқуси Ӯзбекистон дасти кам 18 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин 243 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, ки 94 нафари онҳо дар бемористонҳо қарор доранд.