ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар мулоқот бо Нурдинҷон Исмоилов, раиси парлумони Ӯзбекистон гуфт, Русия аз сатҳи ҳамкорӣ ва равобит бо Ӯзбекистон, қаноатманд аст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
“Мо аз сатҳи муносибат байни кишварҳоямон қаноатмандем. Равобити мо гуногунҷанба мебошанд”, - гуфт хонум Матвиенко.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки равобити ду кишвар минбаъд низ тақвят хоҳад ёфт.
Валентина Матвиенко қайд кард, ки самти сиёсии рушди муносибатҳои дуҷонибаи Русияву Ӯзбекистонро сарони давлатҳои ду кишвар муайян кардаанд.
Матвиенко таъкид кард, ки ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва байнипарлумонӣ низ бомуваффақият инкишоф ёфта, миёни Маскав ва Тошканд зиёда аз 350 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд.
"Мо инчунин ҳамкориҳои судманд миёни вакилони Русия ва Узбакистонро дар арсаҳои мухталифи байналмилалӣ баҳои баланд медиҳем, ва ин ба Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ИДМ ва СҲШ низ рабт дорад", - гуфт сиёсатмадори рус.