Станакзай: Эрониҳо дӯсту бародари миллати Афғонистон ҳастанд

Мақомдори аршади давлати муваққати толибон ахиран гуфтааст, ки мардуми Эрон барои миллати Афғонистон дӯсту бародар ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шермуҳамад Аббоси Станакзай, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии давлати муваққати толибон дар дидори муовини сафири Эрон дар Кобул эрониҳоро дӯсту бародари миллати Афғонистони хонд ва бар тақвияти фазои дӯстии байни мардуми ду кишвар таъкид кард, иттилоъ додааст радиои “Садои Хуросон”.
Тибқи иттилои манбаъ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии давлати муваққати толибон дар дидори муовини сифорати Эрон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз миллати Афғонистони иброз умедворӣ кард.

“Мушкили ҳисобҳои бонкии муҳоҷирони афғон дар Эрон ба зудӣ бартараф шавад”,- гуфт Станакзай.

Вай ҳамчунин дар ин дидор равнақи тиҷорати байни ду кишварро хостор шуд.
Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад
Муовини сифири Эрон дар Кобул низ дар ин дидор гуфт: “Равобити Афғонистону Эрон собиқаи таърихӣ доранд, бинобар ин ду миллат иҷоза намедиҳанд, аносири муғриз ин равобитро тира кунанд.
Бояд гуфт, ахиран Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар дидор бо Сайидҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Кобул аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба зилзилазадагони минтақаи Хусту Пактико қадрдонӣ карда буд.