ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина бо иҷрои комили ҳама вазифа ба анҷом мерасад, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар як нишаст дар Маскав.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло авлавият ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии низомиёну аҳолии осоишта дода мешавад.
"Имрӯз барои мо авлавиятҳои асосӣ ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандони зертобеъ, рафъи таҳдид ба амнияти аҳолии осоишта мебошанд. Амалиёти махсуси низомӣ то пурра иҷро шудани вазифаҳои ба миён гузоштаи фармондеҳи олӣ идома хоҳад ёфт", - гуфт Шойгу.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.