Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия дар ҷараёни амалиёт 231 ҳавопаймои украиниро нобуд карданд

Нерӯҳои Русия аз оғози амалиёти вижа то кунун 1451 ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд кардаанд. Ҳамчунин 3092 тӯпу миномёти саҳроӣ нест карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина нерӯҳои Русия ҳудуди 8 ҳазор мошин ва зиреҳпӯшро нобуд кардаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати дифои Русия хабар медиҳад.
"Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти махсуси ҳарбӣ: 231 ҳавопаймо, 134 чархбол, 1451 ҳавопаймои бесарнишин, 353 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 3910 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 716 адад мушаки чандкарата, 3092 тупу миномётҳои саҳроӣ, инчунин 4016 адад мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ҳадафи навбатии амалиёти вижа дар Украина гуфта шуд
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Донбасс боз қалби Русия хоҳад шуд
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.
Рӯзи 3 июл бо ишғол намудани Лисичанск ва манотиқи атрофи он тамоми ҳудуди ҶМЛ аз дасти нерӯҳои Украина озод карда шуд.