ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон ахиран эълон кард, аз 4,5 миллион нафаре, ки аз охири моҳи феврал аз Украина ба Лаҳистон фирор карда буданд, беш аз 2,5 нафарашон ин кишварро тарк кардаанд.
"Аз 24 феврал то кунун афсарони нерӯҳои марзбонӣ 4 миллиону 529 ҳазор нафарро дар гузаргоҳҳо бо марзи Украинаву Лаҳистон сабти ном кардаанд", — омадааст дар гузориш.
Ба гуфтаи марзбонони Лаҳистон, дар 24 соати гузашта 24,1 ҳазор нафар аз Украина ба Лаҳистон ворид шудааст.
Дар баробари ин, аз Лаҳистонро одамони бештар тарк мекунанд. Дар рӯзи якшанбеи гузашта 28,9 ҳазор нафар Лаҳистонро тарк карда ба самти Украина рафтанд. Аз 24 февраль инчониб 2 миллиону 592 хазор нафар одамон ин кишварро тарк карданд.
Тибқи ҳисобҳои Вазорати корҳои дохилии Лаҳистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1,5 миллион нафар аз Украина дар ин кишвар боқӣ мондаанд. Аксарияти онҳо занони кӯдакдор мебошанд.
Тақрибан 500 ҳазор паноҳҷӯёни украинӣ, ки дар Лаҳистон рақами PESEL (рақами шахсии инфиродӣ) гирифтаанд, одамони синни қобили меҳнат мебошанд ва беш аз 250 ҳазор нафари онҳо аллакай ба кори қонунӣ шурӯъ кардаанд.
Аз 1 июл Лаҳистон коҳиши барномаҳои кӯмак ба гурезаҳои украиниро оғоз кард, аз ҷумла пардохт ба сокинони Лаҳистон, ки украинҳоро дар хонаҳояшон қабул карданд, тадриҷан қатъ карда шуд.
Бо қатъи пардохти кӯмакпулӣ ба шаҳрвандоне, украинӣ, мақомоти Лаҳистон умед дорад, ки украиниҳо ба кор шурӯъ мекунанд ва зиндагии худро таъмин мекунанд.
Павел Шефернакер, муовини вазири корҳои дохилӣ ва маъмурияти Лаҳистон, комиссари ҳукумат дар умури гурезаҳо гуфт, ки “аксар нафароне, ки қобилияти кор карданро доранд, имкони кор кардани пулро доранд”.