ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари олудагии ҳаво, гармиҳои шадид дар кишвар боқӣ мемонад.
Ба иттило ин ниҳод, рӯзҳои 5 ва 6 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест,
Ҳамин тариқ дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад.
Гармо дар водиҳо шабона ба 16+21 гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро гармои шадид ва тӯфони чангу ғубор тарк карданӣ нест. Ҳаво дар водиҳои вилоят шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Тӯфони чангу ғубор дар шаҳри Душанбе низ боқӣ мемонад. Ҳаво шабона дар пойтахт 19+21 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.