Амалиёти ҳамлаии нерӯҳои низомии Русия якҷоя бо қувваҳои милисаи мардумии Луганск аз 19 июн то 3 июли соли равон бомуваффақият анҷом ёфт.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, ба президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Владимир Путин гузориш дод.
Ба гуфтаи Шойгу, зимни амалиёти озодсозии Луганск нерӯҳои украинӣ ба муҳосира ва безарар гардонда шуда, бо гирифтани шаҳри Лисичанск озодсозии ҶХЛ поён ёфт. Вазири мудофиа гуфт, тайи ин муддат ҳудуди 25 минтақаи аҳолинишин озод карда шуданд.
Путин дар пайи шунидани гузориши Шойгу гуфт, воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд. Зарфияти ҷангияшонро бештар намоянд, изҳор дошт Путин.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд.
Гузориш дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ гардида буд.