ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи душанбе бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Мирзо суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад РИА "Новости".
Бар хабари манбаъ, вазирони дифоъ масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
"4 июли соли 2022 суҳбатҳои телефонии Вазири мудофиаи Федератсияи Русия генерали артиш Сергей Шойгу ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор гардид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, сарони сохторҳои мудофиа аз масъалаҳои амнияти минтақавӣ, инчунин вазъи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Русияву Тоҷикистон гуфтанд.
Қаблан вазири дифои Русия аз хавфи террористони байналмилалӣ гуфт, ки метавонанд аз Афғонистон барои ташкили як шабакаи пинҳонии ҷиҳодӣ ва ворид шудан ба давлатҳои ҳамсоя истифода баранд.
Сергей Шойгу гуфт, дар робита ба ин зарур аст, ки ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ба манзури муқовимат бо террористон ва таҳияи равишҳои муштарак дар мубориза бо онҳо роҳандозӣ шавад.