ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Риёз Ҳаддод, сафири Сурия дар Русия, дар мусоҳибае гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико дар ҳамкорӣ бо Туркия ҷангиёни гурӯҳи байналмилалии террористии ДИИШ*- ро ба Украина интиқол медиҳанд.
Мо аз он ки Иёлоти Муттаҳида, Ғарб ва Туркия ҷангиёни ДИИШ* ва Ҷабҳат ан-Нусраро аз Идлиб ба Украина мефиристанд, ҳайрон нестем, зеро ин гурӯҳҳо ҳарчанд номҳои гуногун доранд, аммо абзоре ҳастанд, ки Ғарб аз ин ифротгароён муқобили мардуми осоишта истифода мебарад", - гуфт Риёз Ҳаддод.
Сафири Сурия дар идома гуфт, ҳамин тавр онҳо Украинаро ба як маркази теруристҳо ва зархаридон табдил медиҳанд, бидуни дарк кардани паёмадҳои ин гуна сиёсат дар амнияти ҷаҳонӣ.
Қаблан "Сергей Иванов", раиси бахши матбуоти Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ҷангиёни ДИИШ-ро барои ширкат дар даргириҳо дар Украина ба ҳайси зархарид фаъолона ҷалб мекунад.
Ин нахустин хабарҳо нест, ки аз даст доштани Туркия барои фиристодани зархаридон ба Украина мегӯяд.
Қаблан низ як манбаъ аз мухолифони Сурия ба РИА "Новости" гуфта буд, ки Туркия ҷангиёни суриягиеро, ки дар соли 2020 дар даргириҳо бо Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифода кард, ба ҷанг дар Украина фиристодаас
*-созмони террористбӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.