ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия аз 15 июл маҳдудиятҳоеро, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус зимни убури марзи кишвар роҳандозӣ шуда буданд, бекор мекунад.
Дар ин бора Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия хабар дод, ки ахиран таҳти раёсати ноиби сарвазир, Татяна Голикова ҷаласа баргузор намуд.
"Дар пайи баррасӣ қарор шуд, маҳдудиятҳои убури марз дар робита ба паҳншавии коронавирус, ки аз бо қарори ҳукумат аз моҳи марти соли 2020 роҳандозӣ шуда буданд, бекор карда шаванд", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан ба далели беҳбуди вазъи эпидемиологӣ маҳдудиятҳои ковидии вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи роҳҳои баҳрию ҳавоӣ бекор гардида буд, аммо бархе маҳдудиятҳо аз тариқи роҳҳои заминӣ боқӣ монда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии он шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Гуфта мешуд, ки эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус ба нуқоти гуногуни ҷаҳон паҳн гардид ва дар натиҷа, 11 марти соли 2020 СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.
Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст, хабар дод Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.