ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз иқдоми ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев барои таъмини суботу рушд дар Қарақалпоқистон ҷонибдорӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
"Президенти Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Ӯзбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қарақалпоқистони ҶУ изҳори ҷонибдорӣ кард", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо ҳамчунин тавофуқҳоеро, ки дар ҷараёни сафари расмии Раҳмон ба Ӯзбекистон, рӯзҳои 2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.
Дар зимн сохтмони нерӯгоҳи "Ёвон" дар дарёи Зарафшон ва оғози ҳаракати қатори мусофирбар миёни Тошканду Душанберо зикр намудаанд.
Масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварии ин суҳбат будаанд. Ҳамчунин дар мавриди мулоқоти қарибулвуқуи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон табодули афкор намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ӯзбекистон ахиран шоҳиди ошӯбҳо дар қаламрави Қарақалпоқистон шуд, ки ба иттилои мақомоти ӯзбек, ҳадди ақал 18 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт.
Мирзиёев ахиран зимни суҳбат аз қурбониҳо дар Қарақалпоқистон изҳор дошт, ки талафот ҳам миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам сокинони мулкӣ ҷой дорад.
Таъкид шудааст, ки феълан вазъият дар Қароқалпоқистон ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои худ баргашта истодааст. Дар зимн таъкид шудааст, ки ҳарчанд тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд, вале вазъи фавқулодда то 2 август идома хоҳад дошт.