ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Нерӯҳои Луганск дар ноҳияи Северски ҷумҳурии Донетск амалиёт гузаронда истодаанд, хабар дод подполковник Андрей Марочко, подполковники Милисаи мардумии ҶҲЛ ба РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳое, ки аз Лисичанск ақибнишинӣ кардаанд, ба ноҳияи Северски Донетск рафтаанд.
"Сарфи назар аз муваффақияту пирӯзиҳои муштарак бо нерӯҳои Русия, воҳидҳои Милисаи мардумии ҶХЛ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳудуди ҷумҳурии Донетск машғуланд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки барои таъмини амнияти комили шаҳрвандон нерӯҳои рақиб бояд то фосилаи муайян аз марзи ҶХЛ ақиб партофта шавад.
"Табиист, ки бо нерӯҳои Русия ва Донетск мо амалиёти озодисозии Донбассро идома хоҳем дод. Нерӯҳои Украина аз Лисичанск ба Северск ақибнишинӣ карданд ва мо он ҷо амалиёт гузаронда истодаем", - гуфт Марочко.
Ин дар ҳолест, ки Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба сарфармондеҳ, Владимир Путин ҳисобот дод, ки амалиёти ҳамлаии муштарак барои озодсозии Луганск аз 19 июн то 3 июли соли равон бомуваффақият анҷом ёфт.
Ба гуфтаи Шойгу, зимни амалиёти озодсозии Луганск нерӯҳои украинӣ ба муҳосира ва безарар гардонда шуда, бо гирифтани шаҳри Лисичанск озодсозии ҶХЛ поён ёфт. Вазири мудофиа гуфт, тайи ин муддат ҳудуди 25 минтақаи аҳолинишин озод карда шуданд.
Путин дар пайи шунидани гузориши Шойгу гуфт, воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд. Зарфияти ҷангияшонро бештар намоянд, изҳор дошт Путин.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд.