Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар сафари ҳайати мақомоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон миёни Душанбе ва Тошканд чандин санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар доираи сафари кории ҳайати баландпояи мақомоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон миёни Душанбеву Тошканд шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, мақомоти ду кишвар Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ва Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ ба имзо расидаанд.
Инчунин Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи ҳамкорӣ байни МД “Маркази таълими калонсонони Тоҷикистон” ва Мономаркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Тошканд ва Ёддошти тафоҳуми оид ба ҳамкорӣ миёни МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисосои кормандони мақомоти меҳнати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистонро ба имзо расиниданд.
Ҳимояти президенти Қазоқистон аз иқдоми раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон
Ду санади дигаре, ки миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст ин Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ байни Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент ва Маркази омӯзиши касбии шаҳрвандони бекори шаҳри Самарқанд ва Протоколи ҳамкорӣ миёни Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва Саридораи шуғли вилояти Самарқанди Ӯзбекистон Маркази таълими касбии шаҳри Самарқанд барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда байни сохторҳои вазоратҳои ҳар ду тараф ба имзо расид.
Манбаъ илова кардааст, ки дар доираи таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.