ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтаи нав низ бо гармои шадид оғоз шуд.
Ба иттилои Оҷонсии ҳавосанҷии кишвар дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 13+18 гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 13-18, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои бебориш, аммо чангу ғубор интизор аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 18-23 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 42+47 гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳаво камабри бебориш ва чангу ғубор интизор аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 38+43 гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.