ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Денис Шмигал, сарвазири Украина гуфт, ки барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ мешавад ва ба назари ӯ, манбаи асосӣ бояд дороиҳои мунҷамидшудаи Русия бошад.
"Нақшаи бозсозӣ, ки аллакай 750 миллиард доллар тахмин зада мешавад, онро кӣ бояд пардохт кунад? Мо бар ин назарем, ки манбаи асосии бозсозӣ бояд аз ҳисоби дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ва олигархҳои ин кишвар сурат бигирад. Тибқи ҳисобҳои гуногун, дороиҳои мунҷамидшудаи Русия аз 300 то 500 миллиард долларро ташкил медиҳад. Баъзе кишварҳо аллакай раванди на танҳо масдуд, балки мусодираи ин дороиҳоро низ оғоз кардаанд", - гуфт Шмигал дар як паёми видеоие дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди бозсозии Украина дар Лугано.
Ба гуфтаи ӯ, манобеъи дигари бозсозии кишвар ин грантҳо ва қарзҳои боимтиёз аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои шарик, сармоягузорӣ ва ҳамчунин буҷаи кишвар хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.