ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи якшанбе бори дигар вориди пойтахти Қарақалпоқистон шаҳри Нуқус шуд, ки ду рӯз пеш бар асари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар ошӯб рух дода буд,
Дар ҳоли ҳозир вазъ дар минтақа ба эътидол омадааст, хабар медиҳад сухангӯи раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов.
Маврид ба зикр аст, ки як рӯз қабл низ баъд аз ошӯбҳои рӯзи ҷумъа аз шаҳри Нуқус дидан карда буд.
"Президент ... ба шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Қороқалпоқистон сафар кард", — навиштааст Асадов дар "Telegram-канал".
Ба гуфтаи ӯ, субҳи 3 июл Мирзиёев бо тамоми раҳбарони минтақаҳои Қороқалпоқистон видеоҷаласа гузаронд.
Дар бораи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, ҳокимон (сардорони идораҳо – ред.) ва роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳияҳо ҳисобот доданд.
Қайд карда шудааст, ки баъди паёми рӯзи 2 июл аз ҷониби Мирзиёев ҳоло вазъ ба эътидол омада, ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нуқус, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қороқалпоқистон ду рӯз қабл ошӯб рух дод. Саркардагони ин бетартибиҳо баъд аз кӯшиши тасарруфи мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Дар як изҳороти муштарак порлумон, ҳукумат ва вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон гуфтаанд, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст.
Баъдан тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омад ва дар он ҷо аллакай бо вакилони маҳаллӣ мулоқот карда, дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод.