Мирзиёев дар Қороқалпоқистон ҳолати фавқулодда эълон кард

Вазъияти фавқулодда дар Қароқалпоқистон ба манзури тазмини амнияти шаҳрвандон ва бозгардонии назму қонун ҷорӣ шудааст, ки як моҳ давом мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Қороқалпоқистон бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баъди бетартибиҳо вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ин кишвар.
Вазъияти изтирорӣ то 2 август идома хоҳад кард.
Гуфта меҳавад, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, барқарор намудани тартиботи қонун дар қаламрави Қароқалпоқистон гирифта шудааст.
"Вазъияти фавқулода аз соати 00:00 3 июл ҷорӣ шуда, то 00:00 2 август муқаррар карда шуд", — гуфтааст дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Дар баробари ин, раисҷумҳури Ӯзбекистон омода аст, ки аз ислоҳот ба конститутсия, ки марбут ба соҳибихтиёрии Қороқалпоқистон аст, даст кашад.
Мирзиёев гуфт, ки дар шароити феълӣ нигоҳ доштани “дӯстӣ ва бародарии қадимӣ, эҳтироми ҳамдигар ва меҳрубонӣ” муҳим аст. Вай ҳамчунин аз ҳифзи ваҳдат, фазои сулҳу субот, ки тӯли "асрҳо" дар давлат буд, ёдовар шуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи Сарқонуни Ӯзбекистон, ҳангоми ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар даромадгоҳ ва баромади Қорақалпоғистон қувва ва воситаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд.
Боздошти созмондиҳандагони ошӯб дар Нуқуси Ӯзбекистон
Қувваҳои амниятӣ иншоотеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва нақлиётро таъмин мекунанд, инчунин минтақаҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, инчунин ба муҳити зист хатари зиёд доранд, муҳофизат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нукус, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қороқалпоқистон ошӯб рух дод. Саркардагони ин бетартибиҳо баъд аз кӯшиши тасарруфи мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Дар як изҳороти муштарак порлумон, ҳукумат ва вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон гуфтаанд, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст.
Баъдан тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нукус омад ва дар он ҷо аллакай бо вакилони маҳаллӣ мулоқот карда, дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод.