Дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ташрифи сайёҳони хориҷӣ то соли 2025 бояд ба 1 миллиону 600 ҳазор нафар ва то соли 2030 ба зиёда аз 2 миллиону 500 ҳазор нафар расад.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 188 меҳмонхона, 215 ҳостел ва мотел, 46 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва 10 хонаи истироҳатӣ, 2 пансионат, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, дар умум 289 иншооти сайёҳӣ кор мекунанд.
Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон теъдоди зиёди сайёҳони хориҷиро қабул кунад.