Ҳашт варзишгари тоҷик ба Баҳрайн меравад

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё ҳашт нафар варзишгар намояндагӣ мекунад, ки панҷ нафари онҳо наврас ва се нафаре аз эшон ҷавон ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар шаҳри Манамаи Баҳрайн Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштин доир мешавад. Ин мусобиқа гуштингирони ҷавон ва ҳам наврасонро ҷамъ меорад.
Котиботи Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштин ҷамъан ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунад.
Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манамабаргузор мешавад.
"Тоскулоҳи бузург" барои ҷудокорони тоҷик бенатиҷа анҷом ёфт
Ба тими наврасон, панҷ нафар, аз ҷумла Идрисҷон Баҳмромов, Алиризо Баҳромов, Амон Аюбзода, Муҳаммад Абдуҳакимзода ва Исо Нурмаҳмадов дохил мешаванд.
Ҳамчунин се нафари дигар ба тими ҷавонон: Саидасан Ашрафхонов, Фирӯз Мирзораҷабов ва Шеров Очилов дохиланд.
Гуфта мешавад, тибқи низомнома қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-4 июл ва миёни ҷавонон 5-10 июл баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, чанде қабл дар Муғулистон "Тоскулоҳи бузург" сурат гирифт, ки Тоҷикистонро се ҷудокор муаррифӣ намуданд, вале қувваозмоиҳои онҳо бидуни натиҷа анҷом ёфт.