ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Стелла Кириакидес, комиссари аврупоӣ дар умури тандурустӣ гуфт, ки шумори гирифторон ба коронавирус дар Аврупо боз якбора афзоиш ёфтааст ва пандемия поён наёфтааст.
Вай дар саҳифаи твиттериаш навиштааст: "Пандемияи COVID-19 то ҳол бо мост. Шумори гирифторон ба ин беморӣ дар Аврупо боз якбора афзоиш меёбад".
Сатҳи огоҳии дар бораи гирифторон дар 14-рӯзи ахир дар Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи иқтисодии Аврупо 694,1 ба 100 ҳазор нафарро ташкил дод. Тибқи маводи Маркази аврупоии назорати бемориҳо (ECDC), ин рақами муштарак ҳафтаи сеюм аст, ки афзоиш меёбад.
Ҳамзамон, мизони марги чаҳордаҳрӯза аз COVID-19 дар ҳафтаи 25 дар ин минтақа коҳиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон 547 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон беш аз 6,34 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Дар Тоҷикистон аз моҳи феврал ба ин сӯ ягон маврид сабти ном нашудааст, изҳор дошт мақомдори тандурустӣ.
Дар гузашта Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ин нукта ишорат мекард, ки 90 дарсади мардуми Тоҷикистон ба коронавирус ё COVID-19 масъуният пайдо кардаанд.
Ин ба он маъност, ки дар ҳоли ворид шудани ҳар навъи маризии коронавирус заминаҳои паҳншавии он аз миён рафтааст.