ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як зани чинӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми савдои одамон боздошт шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда 47 сол дошта зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи 4-уми Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД дастгир шудааст.
Боздоштшуда аввалҳои моҳи июни соли равон бо роҳи фиреб ба боварии ҷавондухтарони тоҷик даромада, бо баҳонаи дар шаҳри Дубайи АМА бо кор таъмин намудан, аз ҳисоби худаш чипта ва раводид харидорӣ карда, онҳоро мехост санаи 15-уми июни соли ҷорӣ ба шаҳри Дубай интиқол диҳад.
"Бо гирифтани маълумоти оперативӣ кормандони милитсия ин нафари ба ҷомеа хавфнокро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе боздошт намуданд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, зимни тафтишот маълум гардид, ки гумонбар мақсад дошт ҷабрдидагонро ба шаҳри Дубай ба назди як нафар шарикаш равон намуда, аз ин ҳисоб фоида ба даст орад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси моддаи 130, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқи нест.
Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати фиристодани духтарони тоҷик ба хориҷ ва бо ҳар роҳ дарёфти фоида аз ин роҳ нест.
Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ ин ниҳод аз боздошти як духтари тоҷик хабар дод, ки ӯ низ бо роҳи фиреб се ҷавондухтари дигарро аз моҳи октябри соли 2021 бо ҳамдастии як шаҳрванди Туркия ба Истанбул фиристодааст.
Дар Истанбул духтаронро шарики боздоштшуда Юсуф пешвоз гирифта, онҳоро ба шаҳри Ялова, воқеъ дар 90-километрии Истанбул бурда, аз онҳо талаб кардааст, ки пули барои онҳо сарфшударо пардохт кунанд ва онҳоро маҷбур ба танфурӯшӣ кардааст.