ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон соли 2023 раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардид.
Дар ин бора хаадмоти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чунин тасмими зимни баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа қарор шудааст, ки ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ, дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид.
Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати вазири адлияи Русия Чуйченко Константин баргузор шуда, дар он вазири адлияи Арманистон Карен Андреасян, муовини вазири адлияи Белорус Николай Старовойтов, вазири адлияи Қирғизистон Аяз Баетов ва вазири адлияи Ӯзбекистон Русланбек Давлетов ширкат доштанд.
Дар рафти ҷаласа, аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намудаанд.
Бояд гуфт, ки Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.